Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон 16 сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи маводи мухаддир 16 сол маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бора торнамои Додгоҳи олии Русия хабаре нашр кардааст.

Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Худоёр Қодиров ном бурда мешавад ва вай 30 сола аст. Расидагӣ ба парвандаи вай нишон додааст, ки вай моҳи июни соли 2013 дар Тоҷикистон 7 килограмм ҳероин ба даст овардааст. Ҳамдасти Қодиров ин миқдор ҳероинро дар махфигоҳи ҷомадон пинҳон кардааст ва Қодиров бо ин ҷомадон бо ҳавопаймои парвози Душанбе-Маскав ба Маскав омадааст.

Вале натавонистааст ҳероинро ба фурӯш занад ва вайро дар фурудгоҳи Внуково боздошт кардаанд. Акнун баъд аз эълони ҳукми додгоҳ Қодиров 16 солро дар зиндони дорои муқаррароти шадид сипарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG