Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар Остона модарони эътирозгарро боздошт кард


Кӯдакон ва модарон дар дафтари пулиси ноҳияи Есили Остона
Кӯдакон ва модарон дар дафтари пулиси ноҳияи Есили Остона
Пулис дар Остона-пойтахти Қазоқистон як гурӯҳи 7 нафарии модаронро боздошт кард. Онҳо бар зидди мусодираи заминҳои хусусӣ аз тарафи ҳукумат эътироз мекарданд.

Пулис модарони эътирозгарро нигоҳ дошт ва онҳоро бо кӯдаконашон боздошт кард. Онҳо 27 май ба сӯи бинои порламон раҳпаймоӣ анҷом медоданд ва мехостанд ба порламон номаи дастаҷамъии худро супоранд.

Эътирозгарон мегӯянд, мақомот ҳар вақт заминҳои сокинони маъмулиро мусодира мекунанд ва ин корро “зарурати давлатӣ” медонанд. Вале маъмулан дар ин заминҳо барои мақомот ё соҳибкорон хонаҳои хусусӣ месозанд.
XS
SM
MD
LG