Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳон дар Донетск 30-35 нафарро талаф додаанд


Ҷудоихоҳони ҳаводори Русия мегӯянд, ки дар ҷангҳои якрӯза бо нируҳои ҳукуматии Украина дар шаҳри Донетск даҳҳо нафар шӯришиёни онҳо кушта шудаанд. 26 май ҷудоихоҳон фурудгоҳи байналмиллалии Донетскро ба тасарруфи худ дароварданд ва нируҳои давлатӣ дар даргирӣ бо онҳо аз оташи тӯпхона ва чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода карданд.

Бори аввал дар давоми ду моҳи нооромиҳо дар шарқи Украина даргириҳо ба шаҳри Донетск кашонда шуд. Як ҷудоихоҳ, ки аз вай ном бурда намешавад гуфтааст, ки дар давоми 24 соати даргириҳо аз 30 то 35 нафари афроди онҳо кушта шудаанд.

Павел Губарев-раиси худхондаи вилояти Донетск мегӯяд, нируҳои ҳукуматӣ ба сӯи мошине, ки захмиҳои ҷудоихоҳонро ба бемористон интиқол медод, оташ кушодаанд ва 35 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи вай 15 ҷудоихоҳи дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG