Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Малайзия маълумоти моҳвораиро нашр кард


Ҳукумати Малайзия маълумоти моҳвораиро, ки барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои гумшуда истифода мекарданд, ба нашр расондааст. Ин ҳавопаймо 8 март бедарак шуда буд. Дар ин маълумот гуфта мешавад, ки то ҳол нишоне аз ин ҳавопаймо ба даст наомадааст. Ин хабарро аз муддатҳо ба ин сӯ хешовандони 239 нафар мусофирони бедаракшуда интизор буданд.

Як гурӯҳи байналмиллалии расидагӣ ба ин масъала ба хулосае расидааст, ки ин ҳавопаймо баъд аз бархост аз фурудгоҳ ба самти ҷануб парвоз кардааст. То 90 дақиқаи аввали парвоз як моҳвораи низомии Малайзия онро зери назар доштааст. Онҳо бовар доранд, ки парвози ин ҳавопаймо дар уқёнуси Ҳинд дар минтақаи обии Австралия қатъ шудааст.

Бо вуҷуди ин хешовандони қурбоншудагон ба ин маълумот нуқтаи назари интиқодӣ доранд ва мехоҳанд, ки коршиносони мустақил ин маълумоти нашршударо баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG