Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии «Кӯктош» дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар тими «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд ва мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкам кард.

Ин бозии даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе рӯзи 25-уми май баргузор шуд. Чаҳор голи дастаи мизбон – «Кӯктош»-ро Худойдод Нусратов, беҳтарин нишонзани мусобиқа, ба самар расонд.

Дар ду бозии дигар «Саройкамар» (Панҷ) дар майдони худ бар «Ҳосилот» (Фархор) бо ҳисоби 2-0 ва «Ҳулбук» (Восеъ) бар тими меҳмон - «Пахтакор»- (Қабодиён) - бо ҳисоби 2-1 ғалаба карданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Нури Норак» (Норак) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) бо ҳисоби 1-1 хотима ёфт.

Вале ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозӣ байни дастаҳои «Бохтар» (Бохтар) ва «Чашма» (Шаҳритус) ба иллати напардохтани маблағи ҳаққи хидмати доварон аз ҷониби бошгоҳи «Бохтар» баргузор нашуд. Ин ҳодиса дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи назорату ахлоқи ФФТ баррасӣ мешавад. Барои вайрон кардани Регламент ё тартиби баргузории мусобиқот «Бохтар» бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб дониста, ҷарима карда мешавад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон.
Минтақаи Душанбе. Даври 3-юм

«КӮКТОШ» - «ЛОКОМОТИВ» - 5:1
Голҳо: Фирӯз Алиев, 13 (0:1). Худойдод Нусратов, 39 (1:1). Худойдод Нусратов, 65 (2:1). Адҳам Абдуллоев, 74 (3:1). Худойдод Нусратов, 78 (4:1). Худойдод Нусратов, 85 (5:1).

«НУРИ НОРАК» - «ПАНҶШЕР» - 1:1
Голҳо: Шоҳназар Назаров, 30 (1:0). Саидакбар Юнусов, 52 (1:1).

«САРОЙКАМАР» - «ҲОСИЛОТ» - 2:0
Голҳо: Иброҳим Муҳтоҷзода, 41 (1:0). Анвар Авазов, 75 (2:0).

«ҲУЛБУК» - «ПАХТАКОР» - 2:1
Голҳо: Зоир Холматов, 76 (1:0). Зоир Холматов, 88 (2:0). Ҷамшед Ҷабборов, 90+1 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Кӯктош» (Рӯдакӣ)330013-39
2«Саройкамар» (Панҷ)32107-37
3«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ)31117-24
4«Чашма» (Шаҳритус)21104-34
5«Ҳулбук» (Восеъ)31114-54
6«Пахтакор» (Қабодиён)31026-63
7«Бохтар» (Бохтар)21013-43
8«Нури Норак» (Норак)30212-32
9«Ҳосилот» (Фархор)30122-81
10«Локомотив» (Душанбе)30123-131

Нишонзанҳои беҳтарин: Худойдод НУСРАТОВ («Кӯктош») – 7 тӯб, Исмоил МУРОДОВ («Чашма»), Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук»), Саидакбар ЮНУСОВ («Панҷшер») – 3-тӯбӣ.

Даври 4-ум
31-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Локомотив» - «Пахтакор»
«Чашма» - «Ҳулбук»
«Ҳосилот» - «Бохтар»
«Панҷшер» - «Саройкамар»
«Кӯктош» - «Нури Норак
XS
SM
MD
LG