Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи сагони девона ба сокинон дар Панҷакент


Дар деҳаи Ғусари ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз газидани сагони ҳорӣ 17 нафар бистарӣ шудаанд. Маҳмадмурод Сафаров, сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ҳамлаи сагони ҳорӣ баъд аз зуҳри 22-уми май рух дода, 17 сокини деҳаи Ғусар дар ин бемористон бистарӣ карда шуданд. Ба гуфтаи вай, вазъи 3 нафари онҳо вазнин, 7 нафар миёна ва 6 каси дигар сабук мебошад: “Чӣ доруву дармоне, ки зарур буд, бо маблағгузорӣ аз тарафи ҳукумати шаҳри Панҷакент дастрас карда шуд ва ба беморон ваксин ва дигар доруву дармонҳо расонида шуд то ки бемор нашаванд. То ҳозир 12 нафар табобат ёфта, аз бемористон мураххас шуданд ва 5 каси дигар таҳти табобат қарор доранд.”

Ба гуфтаи Маҳмудмурод Сафаров, байни нафароне, ки сагони ҳорӣ ҳамла кардаанд 8 нафар кӯдак ҳам буданд. Дар ҳамин ҳол як сокини деҳаи Ғусар ба "Озодӣ" гуфт, сагони ҳорӣ ба сокинони дар сари роҳ ҳозирбуда ва касоне, ки сагони ҳориро ба қасди нобуд кардан дунбол мекарданд, ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG