Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Артур Одилбеков дар Остона


Артур Одилбеков
Артур Одилбеков

Артур Одилбеков, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии муҳориботи омехта M-1 Challenge 48 дар Остонаи Қазоқистон пирӯз шуд.

Дар доираи ин мусобиқот рӯзи 24-уми май сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба муҳориботи омехта (ММА) ва 8 қувваозмоии ҳирфаӣ баргузор шуд. Артур Одилбеков дар рақобати варзишгарони ҳирфаӣ дар вазни то 84 кг бар варзишгари Қазоқистон Асиф Тагиев дар раунди аввал (4:35) бо усули хафакунӣ ғолиб омад.

Вале намояндаи дигари Тоҷикистон Исломҷон Ализода дар қувваозмоии ниҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба муҳориботи омехта дар вазни то 84 кг дар раунди аввал аз Даурен Ермеков (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Ба иттилои Аҳтам Хокиров, раиси Лигаи самбои размӣ ва муҳориботи омехта (ММА), Артур Одилбеков якчанд сол аст, ки дар Ёқутистони Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқоти бузург ҳамеша Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вай, инчунин, пайваста дар мусобиқоте, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат меварзад. Чунончи, Артур бори охирин дар мусобиқаи «Набарди қаҳрамонҳо» дар Душанбе ғолиб шуда буд.

Ба гуфтаи Хокиров, варзишгари тоҷик Артур Одилбеков қабл аз мусобиқа дар Остона дар Душанбе буд ва дар бошгоҳи ҷанговарони «Таҷ-Файтер» ба қувваозмоӣ бо Асиф Тагиев омодагӣ дидааст.

Акнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ ва грепплинг, ки рӯзҳои 7-8-уми июн дар Женеваи Швейтсария барпо мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа шарафи Тоҷикистонро Абдулло Аслонов (74 кг), Солеҳ Ҳасанов (90 кг) ва Худойдод Раҳмонов (+100 кг) ҳимоят хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG