Пайвандҳои дастрасӣ

Нарендра Моди дар Ҳинд қасам ёд кард


Нарендра Моди рӯзи 26-уми май дар як маросиме бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ, ба ҳайси нахуствазири нави Ҳинд қасам ёд кард. Дар ин маросим Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ширкат дошт. Ӯ қабл аз маросим дар кохи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Деҳлӣ гуфт, ки ба кор шурӯъ кардани Нарендра Моди, “фурсати бисёр хубе” барои беҳбуд бахшидан ба равобити Ҳинду Покистон аст. Навоз Шариф, нахустин нахуствазири Покистон аст, ки аз замони таъсиси ду кишвар дар соли 1947 дар маросими адои савганди раҳбари Ҳинд ширкат кард. Ду кишвар се маротиба аст, ки барои вилояти Кашмир ҷангидаанд. Қарор аст, Нарендра Моди ва Навоз Шариф рӯзи 27-ум май мулоқот кунанд. Ҳизби Бҳаратия Ҷаната дар интихоботи порлумонии Ҳинд пирӯз шуд ва Нарендра Моди ваъда додааст, ки ба иқтисоди Ҳинд ҷони тоза бахшида ва кишварашро ба як қудрати ҷаҳонӣ табдил медиҳад.
XS
SM
MD
LG