Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Донетск амалиёт идома дорад


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Украина барои бозпас гирифтани фурудгоҳи аслии шаҳри Донетск аз дасти ҷудоихоҳони мусаллаҳ, амалиётеро шурӯъ кардаанд. Владислав Селезнёв, сухангӯи амалиёти зиддитеррористии Украина гуфт, ки нерӯҳои кишвараш ба мавқеъи афроди мусаллаҳ дар фурудгоҳ аз ҳаво ҳамла карданд. Бино ба гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ аз дохили фурудгоҳ садои тирандозиву таркиш ба гӯш мерасад ва дуд низ аз дохили он ба ҳаво хестааст. Фурудгоҳи Донетск рӯзи 26-уми май корашро мутаввақиф кард, зеро афроди мусаллаҳ аз сарбозони посбони фурудгоҳ хостанд, ки аз атрофи он дур шаванд. Пештар аз ин пешвои ҷудоихоҳон дар вилояти Донетск гуфт, ки дар ин вилоят аз рӯзи 26-уми май қуюди шабгардӣ эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG