Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии нақлиёти Суғд гуфт, як гурӯҳи корӣ санҷиши аввалияи садамаро анҷом дода, сабаби аслии ба ҳам бархӯрдани ду қатораи боркашро “риоят накардан ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат” донистааст.

Додситонии нақлиёти Суғд мегӯяд, тибқи санҷиши аввалия садамаи ду қатораи борбар дар охири моҳи апрел бо айби ду ронандаи қаторакаш (тепловоз) ва навбатдори бахши роҳи оҳани Спитамен, ки аз қоидаҳои бехатарии ҳаракат чашм пӯшиданд, рух додааст. Бархӯрди ду қатораи боркаш бегоҳи 30 - юми апрел, соатҳои 17 дар роҳи оҳани Хуҷанд, тахминан 25 километрии маркази вилояти Суғд рух дода, чанд вагон бероҳа гаштаву як қаторакаш (тепловоз) осеб дида буд.

Оқил Султонқулов, муфаттиши додситонии Суғд рӯзи 26 май дар сӯҳбат бо Озодӣ садамаро чунин тасвир кард: “Як тепловоз вақти ҳаракат аз истгоҳи Спитамен ба самти Хуҷанд дар миёнаи роҳ обаш ҷӯшида аз ҳаракат мемонад. Ронандаи он аз ҳамкасбаш, ки дар қатораи дигар аз пасаш меояд, хоҳиш мекунад, ки дар кашидани қатораи қатораи дармонда ёрӣ расонад. Вақти кашидан вагони пури тахтаи ба тепловоз бархӯрда, вагонҳои тахтаву ангишт аз роҳ мебарояд. Ва тепловоз ҳам аз қисми пеш зарар мебинад. Ҳар ду ронанда аз рӯйи низомномаи кори худ пеш аз ин амали худсарона бояд раҳбарияти худро огоҳ мекарданд, чунки идораи роҳи оҳан хадамоти махсуси ёрии техникӣ дорад ва бояд онҳо ёрӣ мерасониданд. Навбатдори идораи роҳи оҳан дар ноҳияи Спитамен низ бояд аз ин рухдод идораи роҳи оҳани Душанберо зуд ва саривақт дар ҷараён мегузошт, аммо онҳо ин корро накардаанд.”

То ин шарҳи расмии мақомоти додситонӣ, сокинон аз бархӯрдани ду қатораи боркаш ҳангоми ҳаракати яке аз қатораҳо суҳбат мекарданд. Ба гуфтаи сокинон, қатори аввал, ки аз истгоҳи Спитамен ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов вайрон шуда бозмеистад. Қатори дигар тахминан баъди 15 дақиқа боз ҳам аз самти Спитамен расида, аз ноогоҳӣ ба қатораи дар роҳмонда бармехӯрад. Аз зарба тепловоз осеб дида, чанд вагони пуртахтаву ангишт бероҳа мешавад. Шоми 30 юми апрел, ки ба маҳали садама рафта будам, дар ҷойи бархӯрд кран вагонҳои бероҳаро ба роҳи оҳан мегузошт ва коргарон қисмати роҳи харобгаштаро таъҷилан дуруст мекарданд. Зимнан, худи ҳамон шаби садама роҳи оҳан дубора фаъол карда шуд.

Додситонии нақлиёт дар бораи ин садама мутобиқи банди 211–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ” парванда боз карда, ба тафтиш машғул аст.
Ба гуфтаи Оқил Султонқулов, муфаттиши додситонии мазкур, як тафтиши ин парвандаро пеш мебарад, ронандаҳои ҳар ду қаторакаш (тепловоз) ва на ягон каси дигар бар асари ин садама ҷароҳат надидаанд: “Як гурӯҳи корӣ санҷиши садамаро анҷом дода ва аз рӯйи хулосаи аввалияи онҳо, дар натиҷаи садама 56 ҳазор сомонӣ зарар ба роҳу вагонҳо ворид шудааст. Ҳамчунин мутахассисони Қазоқистонро даъват шудаанд, онҳо омада, зарари ба тепловоз расидаро низ муайян мекунанд. Тоҷикистон тепловозро аз Қазоқистон харидааст ва барои ҳамин таъмири онро низ дар муддати муайяне онҳо анҷом медиҳанд.”

Мусоҳибам афзуд, раҳбарияти идораи роҳи оҳан ҳар ду ронандаи тепловозро аз кор сабукдӯш карда, ба навбатдори идораи роҳи оҳани Спитамен танбеҳи сахт эълон кардааст. Ба гуфтаи мақомот, қатораҳои садамадида, ки яке ба Узбакистон бор мебурд, ангишту тахта доштанд ва аз садама бори онҳо зиён надидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG