Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Украина омодаи муколама ҳастанд


Раиси ҷумҳури ояндаи Украина ва ҳукумати Русия ишора карданд, ки омодаи муколама барои рафъи бӯҳрон дар Украина ҳастанд. Петро Порошенко, номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина, рӯзи 26-уми май дар шаҳри Киев ба хабарнигорон гуфт, қасд дорад, аввали моҳи июн бо раҳбарони Русия гуфтугӯ кунад ва афзуд, ки барқарории субот дар шарқи Украина бе ширкати Русия имконнопазир аст. Петро Порошенко афзуд, ки амалиёти низомӣ дар шарқи Украинаро идома медиҳад, вале онро “босамартар” хоҳад кард. Дар шаҳри Маскав, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш омодаи муколама бо раҳбарияти нави Украина аст: "Онгуна ки раиси ҷумҳури мо батакрор гуфтааст, мо омодаи муколама бо намояндагони Киев ҳастем ва омодаи муколама бо Петро Порошенко ҳам." Сергей Лавров афзуд, "муколама ва созиш миёни ҳукумат ва манотиқи Украина" барои рафъи бӯҳрон дар ин кишвар бисёр муҳим аст. Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина дар рӯзи 25-уми май, Петро Порошенко, миллиардер ва соҳиби ширкатҳои қаннодӣ дар ин корзори сиёсӣ пирӯз мешавад.
XS
SM
MD
LG