Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср идома дорад


Дар Миср интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва ба эҳтимоли қавӣ Абдулфаттоҳ ал-Сиси, фармондеҳи собиқи артиш дар он пирӯз мешавад. Баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср дар моҳи июли соли гузашта, генерал Ал-Сиси, дар Миср ҳукумат кард ва созмони Ихвон-ул-муслиминро саркӯб намуд. Нерӯҳои амниятии Миср зимни саркӯби ин созмони исломгаро, ки Мурсиро ба қудрат расонд, садҳо нафарро куштанд ва ҳазорони тани дигарро боздошт карданд. Бештар аз 1000 нафар аз тарафдорони Ихвон-ул-муслимин ба қатл маҳкум шуданд. Тарафдорони Абдулфаттоҳ ал-Сиси умедворанд, генерали собиқ мушкилоти зиёди Миср, аз ҷумла бӯҳрони энержӣ ва тундгароии исломиро, ки сармоягузорони хориҷиву саёҳонро тарсондааст, ҳал мекунад. Вале созмони Авфи Байналмилал ҳукумати дастнишондаи Ал-Сисиро ба нақзи густурдаи ҳуқуҳи инсон муттаҳам кардааст. Раъдиҳӣ дар интихоботи Миср рӯзи 27-уми май хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG