Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавод Зариф ва Кетрин Эштон мулоқот доранд


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои 26 ва 27-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора манобеъи Радиои Озодӣ хабар доданд. Мулоқоти мазкур дар остонаи музокироти расмии Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва Олмон сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 16-уми июн баргузор шавад. Дар даври аввали музокирот дар шаҳри Вена дар дар аввали ҳамин моҳ тарафҳо натавонистанд, дар бораи матни созишномаи фарогир дар бораи барномаҳои атомии Эрон ба мувофиқа бирасанд. Бар асоси ин созишнома, Эрон бояд дар ивази кам кардани таҳримоти байналмилалӣ аз бахше аз фаъолиятҳои атомиаш даст бикашад. Бино ба гузоришҳо, нишасти мазкур метавонад аломате аз даст ёфтани тарафҳо ба созиши ниҳоӣ бошад.
XS
SM
MD
LG