Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои такондиҳандаи интихоботи порлумони Аврупо


Аҳзоби камтарафдори чап ва ростгаро дар интихобот ба Порлумони Аврупо ба дастовард ноил шудаанд ва зоҳиран теъдоди вакилони тарафдори наздикӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин порлумон зиёдтар мешавад. Бар асоси арзёбиҳо аз интихоботи рӯзои 22 ва 25-уми май мумкин аст, намояндагони аҳзоби мазкур дар порлумони Аврупо ду баробар афзуда, ҳадди аксар ба 140 нафар бирасад. Дар интихобот ба мақоми вакил дар Порлумони Аврупо, дар Фаронса, Юнон ва Дания азоби чап ва ростгарои тундрав пешсаф ҳастанд. Дар Австрия ва Бритониё ҳам орои бадастовардаи ингуна ҳизбҳо бад нест. Ҷабҳаи Миллии Фаронса яке аз ҳизбҳои миллатгаро мумкин аст, 24 курсии Порлумони Аврупоро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG