Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама бо Карзай гуфтугӯ кардааст


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қабл аз тарки пойгоҳи Багром дар наздикии шаҳри Кобул бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, телефонӣ гуфтугӯ карда ва аз дастовардҳои ноилшудаи нерӯҳои амниятии ин кишвар ситоиш кардааст. Кохи Сафед бо нашри ин хабар гуфт, ки сӯҳбати телефонии Барак Обама ва Ҳомиди Карзай дар рӯзи 25-уми май 15-20 дақиқа идома кардааст. Пеш аз ин Ҳомиди Карзай даъвати Барак Обама барои мулоқот дар фурудгоҳи Багромро рад кард. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 25-уми май ғайриинтизор ба Кобул рафт ва бо сарбозони амрикоӣ Рӯзи собиқадорони ҷангро таҷлил кард. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки созишномаи дуҷонибаи амниятӣ миёни Амрико ва Кобул баъди ба қудрат омадани раиси ҷумҳури нав дар Афғонистон имзо мешавад. Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 14-уми июн сурат мегирад ва номзадҳо ба ин мақом гуфтаанд, ки созишномаро бо Амрико имзо мекунанд.
XS
SM
MD
LG