Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихоботи Украинаро эълон мекунанд


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина эълон шавад. Петро Порошенко тоҷири сарвантманди украинӣ гуфт, ки дар интихобот пирӯз шудааст ва назарсанҷиҳои пас аз интихобот нишон додааст, ки дар воқеъ Порошенко, 55 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Рақиби аслии ӯ Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина гуфтааст, ки шикасти худро дар интихобот эътироф мекунад. Бо шумориши 25 дар сади орои интихобот, Петро Порошенко, андаке бештар аз 54 дар сад ва Юлия Тимошенко 13,1 дар сади орои мардумро ба даст овардаанд. Петро Порошенко, миллиардери украинӣ ва соҳиби ширкатҳои қаннодӣ гуфт, аввалин вазифаи ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳур “хотима додан ба ҷанг ва барқарор кардани сулҳ” дар Украина аст ва аввалин сафараш ҳам ба шарқи кишвар мешавад, ки ҳоло дар дасти ҷудоихоҳони тарафдори Русия аст. Петро Порошенко ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ гоҳ натиҷаҳои раъйпурсии Қрим ва ишғоли нимҷазира аз тарафи Русияро қабул нахоҳад кард ва афзуд, ки мардуми кишвараш роҳи ҳамгироӣ бо Аврупоро пеш гирифтааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, интихоботи Украинаро “як гоми муҳиме дигари ҳукумат барои муттаҳид кардани кишвар” хонд.
XS
SM
MD
LG