Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 7-уми лигаи олӣ ду рӯз пештар баргузор мешаванд


Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон аз 31-ум ба 29-уми май гузаронида шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бинобар баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва ширкати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бо мунтахаби Эстония, ки 7-уми июн дар Таллинн доир мегардад, бюрои кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифт, чаҳор бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар аз 31-уми май ба рӯзи эҳтиётӣ - 29-уми май - гузаронида шаванд.

Ба ҷуз ин, бинобар ширкати мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку аз 28-уми май то 7-уми июн, мувофиқи Регламент ё тартиби баргузории чемпионати Тоҷикистон-2014, бозии даври 7-уми мусобиқаи лигаи олӣ байни «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба 17-уми июн гузаронида шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум
29-уми май, панҷшанбе. Оғози бозиҳо - соати 17:00

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе)
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.


«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд)
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.


«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан)
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол» (Душанбе)651022-316
2.«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)640210-712
3.«Хуҷанд» (Хуҷанд)63215-511
4.«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)631211-610
5.«Хайр» (Ваҳдат)631210-610
6.«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)62224-58
7.«Вахш» (Қӯрғонтеппа)62042-56
8.«Равшан» (Кӯлоб)62048-226
9.«Энергетик» (Душанбе)61234-85
10.ССКА «Помир» (Душанбе)60152-111

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил САИДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 5-тӯбӣ, Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») – 3-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG