Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалби 150 донишҷӯ ва 13 афсар барои пешвози сарони СҲШ


Барои пешвоз ва хизматрасонӣ ба меҳмонон дар вохӯрии сарони кишвраҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой 150 донишҷӯ ва 13 афсарро ҷалб кардаанд, ки муддати 2 моҳ онҳоро омода мекунанд. Ин донишҷӯёнро Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат дар муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон барои пазироӣ ва хизматрасонӣ омода дорад. Вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри баргузор хоҳад шуд. Рустамҷон Умаров, сармутахассиси шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ рӯзи 26-уми май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки барои дар сатҳи касбӣ пешвоз ва хизматрасонии меҳмонон, аз 150 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон, аз ҷумла 110 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон, 20 нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва 20 нафар аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба мӯҳлати 2 моҳ барои омӯзиши касби пешхизмат дар маркази мазкур фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров донишӯёнро мутахассисони ботаҷриба касб меомӯзанд. Ҳамчунин 13 афсари Кумитаи сарҳадоти Тоҷикистон бо ихтисоси ошпаз-қаннод ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи Умаров, баъд аз омӯзиш ҳам донишҷӯён ва ҳам афсарон соҳиби шаҳодатномаи касбӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG