Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар майдони "Дӯстӣ", дар маркази шаҳри Душанбе ба муносибати 20 - умин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии Тоҷикистон парад ё реҷаи низомӣ баргузор шуд.

Хабарнигори радиои «Озодӣ» аз майдони "Дӯстӣ" иттилоъ медиҳад, ки "паради низомӣ ба муносибати 20 - умин солгарди таъсиси нируҳои марзбонии Тоҷикистон бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сарбозону афсарони нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба хусус марзбононро ба ифтихори таҷлили 20 - умин солгарди таъсиси нируҳои марзбонӣ табрику шодбош гуфта ва нақши ин нируро дар таъмини суботу амнияти кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Пас аз ин сарбозу афсарони нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар майдони "Дӯстӣ" саф оростаанд, аз назди сарфармондеҳи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ паради низомиро гузаштанд.

Дар ҳамин ҳол дар қиёс ба парадҳои низомии қаблӣ дар ин паради низомӣ барои аввалин бор як воҳиди занонаи нируҳои марзбонӣ аз реҷаи низомӣ гузаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG