Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии бузурги «Истиқлол» бар «Равшан» бо ҳисоби 9-1


Тими футболи «Истиқлол» рӯзи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 9-1 шикаст дод.

Рӯзи якшанбеи 25-уми май ду бозии боқимондаи даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Равшан» (Кӯлоб)-ро бо ҳисоби дар мусобиқаи имсола бузургтарини 9-1 шикаст дод. Дар ин бозӣ Комил Саидов чаҳор гол, Дилшод Восиев се гол, Ромиш Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев якголӣ заданд. Як голи «Равшан»-ро Хуршед Абдуллоев ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар майдони худ бар ССКА «Помир» (Душанбе) бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Тӯбро Манучеҳр Аҳмадов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум, ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Ёдовар мешавем, ки се бозии даври шашум рӯзи шанбеи 24-уми май баргузор шуда буд. «Энергетик” (Душанбе) аз дастаи меҳмон - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Далер Шарифов дар дақиқаи 59-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар майдони худ бар “Хайр” (Ваҳдат) бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 45-ум зад.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) дар майдони худ бар тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Абдусамад Ҳоҷибоев (4) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (41) заданд.

Дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 16 имтиёз дар ҷойи аввал, «Парвоз» бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хуҷанд» бо 11 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум
24-уми май, шанбе.

«ЭНЕРГЕТИК» - «ВАХШ» - 0-1
Гол: Далер Шарифов, 59 – аз пеналтӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР» - 1-0
Гол: Фирӯз Раҳматов, 45.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».


«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ПАРВОЗ» - 2-0
Голҳо: Абдусамад Ҳоҷибоев, 4 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 41 (2:0).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.


25-уми май, якшанбе
Оғози бозӣ - соати 17:00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР» - 1-0
Гол: Манучеҳр Аҳмадов, 57.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»


«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН» - 9-1
Голҳо: Комил Саидов, 15 (1:0). Комил Саидов, 21 (2:0). Комил Саидов, 24 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 49 (4:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 64 (5:0). Дилшод Восиев, 67 (6:0). Дилшод Восиев, 76 (7:0). Дилшод Восиев, 84 (8:0). Комил Саидов, 88 (9:0). Хуршед Абдуллоев, 90+1 (9:1).
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол» (Душанбе)651022-316
2.«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)640210-712
3.«Хуҷанд» (Хуҷанд)63215-511
4.«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)631211-610
5.«Хайр» (Ваҳдат)631210-610
6.«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)62224-58
7.«Вахш» (Қӯрғонтеппа)62042-56
8.«Равшан» (Кӯлоб)62048-226
9.«Энергетик» (Душанбе)61234-85
10.ССКА «Помир» (Душанбе)60152-111

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил САИДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 5-тӯбӣ, Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG