Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати проректор ва декани Донишгоҳи техникӣ дар Варзоб


Проректор ва декани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки рӯзи шанбе ронандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Умед Бақоев дар роҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеъи деҳаи Зиддӣ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба дарёи Варзоб сарозер мешавад, ки дар натиҷа муовини ректори Донишгоҳи техникӣ ва декани он ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд. Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи ВКД рӯзи душанбе ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар километри 47-уми роҳи Варзоб дар мавзеи Зиддӣ рух додааст, ки дар натиҷа проректори Донишгоҳи техникӣ Абдулаҳад Оев, декани яке аз факултаҳои ҳамин донишгоҳ Облоқул Сангинов ба ҳалокат расида, ҷасади як мусофири Турсунов ҳанӯз пайдо нашудааст. Ронандаи мошин Умед Бақоев ва як меҳмон аз Русия Владимир Кашуба, проректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Братск аз об сиҳат мебароянд. ВКД мегӯяд, ки кормандони шуъбаи умури дохилаи Варзоб ҳамроҳ бо мардум ҷасади Абдулаҳад Оев ва Облоқул Сангиновро аз дарё бароварда, вале ҷасади мусофири дигар Турсунов ёфт нашуда, ҷустуҷӯӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG