Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико вориди Афғонистон шуд, то бо нируҳои Амрико мулоқот кунад. Вай бо парвози шабона аз Вашингтон ба Афғонистон омад ва дар фурудгоҳи пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Багром пиёда шуд.

Интизор меравад, ки вай танҳо чанд соат дар пойгоҳи ҳавоии Багром бимонад. Мақомоти рамсии Амрико мегӯянд, ки вай ба нақша нагирифтааст, ки бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳуре, ки акнун мақоми худро тарк мекунад дидор ва гуфтугӯ дошта бошад, то бад-ин тариқ аз мудохила дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дур бимонад. Даври дуввуми ин интихобот барои 14 июн барномарезӣ шудааст.

Обама ин масъаларо баррасӣ мекунад, ки шумораи маҳдуди нируҳои Амрико дар Афғонистон бимонад ва нируҳои Афғонистонро тамрин диҳад ва ҳамчунин дар мубориза бо терроризм кӯмак кунад.

Карзай аз имзои қарордоди амниятии Амрико ва Афғонистон дар бораи боқӣ мондани нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон даст кашидааст. Аммо ду номзаде, ки акунун барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд, қавл додаанд, ки ин қарордодро имзо мекунанд.
XS
SM
MD
LG