Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Бикрам Сингҳ аз Душанбе ба таъхир уфтод


Бикрам Сингҳ

Бикрам Сингҳ

Фармондеҳи артиши Ҳинд генерал Бикрам Сингҳ ба далели омодагиҳояш ба мулоқот бо ҳукумати нави ин кишвар сафараш ба Тоҷикистону Туркманистонро ба таъхир гузоштааст. Ибтидо қарор буд, ки генерал Сингҳ рӯзҳои 26-28 май аз ин ду кишвари Осиёи Марказӣ боздид кунад. Аммо рӯзи 26 май ҳукумати нави сарвазир Нарендра Модӣ ва ҳамин тавр воҳидҳои низомии вазорати дифоъ ва се ниҳоди дигари қудратии Ҳинд адои савганд мекунанд. Ҳамин амр, ба навиштаи ношири ин хабар – нашрияи ҳиндии “Business Standard‎ “, боиси ба таъхир уфтодани сафари Бикрам Сингҳ ба Душанбеву Ишқобод шудаааст. Деҳлии нав гуфтааст, таърихи нави сафари Сингҳ ба Осиёи Марказӣ баъди мувофиқа бо мақомоти тоҷику туркман эълон хоҳад шуд.
Яке аз тарҳҳои умдаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳинд то кунун ин бозсозии фурудгоҳи Айнӣ дар канори Душанбе аз сӯи Ҳинд буд. Ҳамин тавр, теъдоде аз афсарони тоҷик дар Ҳинд таълими низомӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG