Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Беларус


Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Беларус, рӯзи 24 май байни ду кишвар 10 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла байни Донишгоҳҳои аграрии Душанбеву Гродно, байни ноҳияҳои Ёвони Тоҷикистону Уздени Беларус, байни шаҳрҳои Хуҷанду Могилёв ва вилоятҳои Суғду Минск, имзо шудааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 23-24 май аз Минск боздид кард. Ҳамтои балеруси ӯ Аляксандр Лукашенка Тоҷикистонро шарики стратегии Беларус дар Осиёи Марказӣ ва мардуми тоҷикро “мардуми хеле хубу меҳнаткаш” тавсиф кард ва хостори афзоиши башиддати равобити тиҷорӣ байни Минску Душанбе шуд. Зимни ин сафар ба Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларусро додаанд.
XS
SM
MD
LG