Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коргардони турк барандаи ҷоизаи Канн шуд


Нурӣ БилгеҶейлон-барандаи "Нахли тиллоӣ"

Нурӣ БилгеҶейлон-барандаи "Нахли тиллоӣ"

Нурӣ Билге Ҷейлон-коргардони Туркия барандаи ҷоизаи “Нахли тиллоӣ”-и 67-ӯмин ҷашнвораи филми Канн шуд. Вай барои филми “Хоби зимистонӣ” ин ҷоизаро ба даст овард. Барои ин ҷоиза 18 филм ба рақобат пардохта буданд. Баъд аз соли 1982 бори аввал филми туркӣ ба дарёфти ин ҷоиза ноил омад.

Ин филми се соата бар асоси се асари Антон Чехов сохта шудааст ва филми ҳафтуми Ҷейлон ба шумор меравад. Пеш аз ин се филми дигараш низ ба дарёфти ҷоизаҳои ҷашнвораи Канн ноил шуда буд.
XS
SM
MD
LG