Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузоришҳои расида аз Чин, дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобҳои шадид дар ҷунуби ин кишвар 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Синхуа-хабаргузории Чин гузориш додааст, ки дар шаҳри Қингияни вилояти Гуандонг 649 ҳазор нафар аз селоб зарар дидаанд. 3 ҳазору 300 хона хароб шудааст.

Бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, ин селобҳо 293 миллион доллар зарар овардааст. Дар минтақаҳои дигар бештар аз 20 ҳазор нафар сокинон аз оби ошомиданӣ маҳрум шудаанд. Селоб ба ҳавзҳои нигаҳдории оби ошомиданӣ рехт, обро олуда кардааст.
XS
SM
MD
LG