Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Украина райдиҳӣ идома дорад


Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина райдиҳӣ идома дорад. Вале ду минтақаи шарқии ин кишвар дар зери назорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад. Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ки мумкин аст дар ин ду минтақа бисёре аз ҳавзаҳои интихоботӣ боз нашавад.

Арсений Ятсенюк-нахуствазири ин кишвар гуфт, интихобот қадами аввал дар роҳи таъмини суботи вазъ дар шарқи кишвар хоҳад буд. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия қавл додааст, ки бо раҳбарони нави Украина ҳамкорӣ хоҳад кард. Киев Маскавро муттаҳам мекунад, ки аз ҷудоихоҳон ҷонибдорӣ мекунад.

18 номзад барои курсии раёсати ҷумҳурӣ дар ин интихобот бо ҳам ба рақобат пардохтаанд. Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки миллиардер Пётр Порошенко дар сафи пеши мубориза қарор дорад, вале барои пирузӣ бояд бештар аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард. Рақиби аслии вай Юлия Тимошенко мебошад, ки аз вай хеле ақиб мондааст.
XS
SM
MD
LG