Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 24-май се бозии даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Рӯзи 24-май се бозии даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Тими футболи "Энергетик” (Душанбе) аз дастаи меҳмон - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Далер Шарифов дар дақиқаи 59-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Тими «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар майдони худ бар “Хайр” (Ваҳдат) бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 45-ум зад.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) дар майдони худ бар тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Абдусамад Ҳоҷибоев (4) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (41) заданд.

Ду бозии дигари даври шашум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд) - ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан»(Кӯлоб) баргузор мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум
24-уми май, шанбе.

«ЭНЕРГЕТИК» - «ВАХШ» - 0-1
Гол: Далер Шарифов, 59 – аз пеналтӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР» - 1-0
Гол: Фирӯз Раҳматов, 45.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».


«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ПАРВОЗ» - 2-0
Голҳо: Абдусамад Ҳоҷибоев, 4 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 41 (2:0).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.


25-уми май, якшанбе
Оғози бозӣ - соати 17:00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
Оғози бозӣ - соати 18:00.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол» (Душанбе)541013-213
2.«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)640210-712
3.«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)631211-610
4.«Хайр» (Ваҳдат)631210-610
5.«Хуҷанд» (Хуҷанд)52214-58
6.«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)62224-58
7.«Вахш» (Қӯрғонтеппа)62042-56
8.«Равшан» (Кӯлоб)52037-136
9.«Энергетик» (Душанбе)61234-85
10.ССКА «Помир» (Душанбе)50142-101
Нишонзанҳои беҳтарин: Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») - 5 тӯб, Хуршед МАҲМУДОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду - «Истиқлол») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») –3-тӯбӣ, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Индус ҲУСЕЙНОВ («Равшан») – 2-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG