Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин "намояндагӣ"-и Донетск дар хориҷ


Низомиён дар Донетск

Низомиён дар Донетск

Ҷумҳурии худхонадаи “мардумии Донетск” намояндагии худро дар шаҳри Маскав боз кардааст. Тавре ки ожонси “"Украинская правда" бо такя ба "Голос Севастополя"-торнамои ҷонибдори Русия хабар додааст, дафтари муваққатии ин намояндагӣ дар хиёбони Варшава дар бинои Маркази иттиҳодияи ҷавонони АвруОсиё боз шудааст.

Дар ин хабар омадааст: “Ҷумҳурии мардумии Донетск тасмим гирифтааст, ки нахустин намояндагии хориҷии худро боз кунад ва ин тасмимро як силсила созмонҳои ватанпарасти Русия ҷонибдорӣ кардаанд”.

Ин манбаи хабарӣ менависад, ки Ҷумҳурии мардумии Донетск бо ҳизби ЛДПР-и Валадимир Жириновский қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст.
XS
SM
MD
LG