Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзи сипоси Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои белорусии худ


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки имрӯз 24-уми май дар шаҳри Мински пойтахти ин кишвар доир шуд, масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории давлатҳо мавриди баррасӣ дқарор гирифтааст. Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми май иттилоъ доданд, ки дар ин мулоқот Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштааст, ки «шумо барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. Тоҷикистону Беларус ва мардумони ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”. Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намудааст. Раҳмон ҳамчунин доир ба кумак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳамтои белорусии худ арзи сипос намудааст.
XS
SM
MD
LG