Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бамгузориҳои Покистон 7 кас кушта шуд


Дар бамгузориҳои Покистон дастикам 7 нафар кушта шудаанд. Дутои бамгузорӣ дар шаҳри Исломобод рух додааст. Бамгузории маргбор дар дар минтақаи қабиланишини Муҳманд рух додааст. Бино ба гузоришҳо, дар инфиҷори бами роҳ 6 сарбоз кушта ва якеи дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар Исломобод ҳодисаи бамгузорӣ соати 2 шаб ба вақти маҳаллӣ дар бозор ба вуқуъ пайвастааст. Чоудрӣ Ҳофиз Ҳасан-афсари пулис гуфтааст, ки як нафар аз посбонон дар ин бамгузорӣ ҷароҳати сангин бардоштааст ва дар шифохона ҷон додааст.

Касе масъулияти ин бамгузориҳоро бар душ нагирифтааст. Вале ин бамгузориҳо дар ҳоле рух додааст, ки се рӯз пеш дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон бар зидди тундравҳо артиши Покистон амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG