Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати кӯдаки 8-солаи тоҷик дар вилояти Маскав


Як кӯдаки ҳаштсолаи тоҷик дар вилояти Маскав ҳагоми оббозӣ ғарқ шуда ба ҳалокат мерасад. Тавре хабаргузории Интерфакс аз қавли мақомоти қудартии ин кишвар менависанд, ин ҳолиса соати 16.10 дақиқаи рӯзи 23-юми май дар деҳаи Шишкини ноҳияи Домодедови вилояти Маскав рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ ду кӯдаки муҳоҷири тоҷик ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ғарқ мешаванд, аммо яке аз онҳо ҷон ба саломат мебарад. Мақомоти корҳои дохилии ин ноҳия гуфтаанд, ки аз ҷои ҳодиса ҷасади кӯдаки 8-соларо пайдо кардаанд. Аммо ному насаби ин кӯдак гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG