Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нав дар Русия: “Кӯмак ба муҳоҷирон дар авлавияти кор хоҳад буд”


Имомуддин Сатторов ва Франк Валтер-Штенмайер, вазири умури хориҷаи Олмон

Имомуддин Сатторов ва Франк Валтер-Штенмайер, вазири умури хориҷаи Олмон

Имомуддин Сатторов, ҳафтаи оянда корро дар симаи сафири нави Тоҷикистон дар Маскав шурӯъ мекунад.

Дипломати 49-солаи тоҷик, ки ҳафт соли охир сафири Тоҷикистон дар Олмон буд, ҳафтаи оянда корро дар Маскав дар вазифаи раҳбари намояндагии кишвараш дар Русия шурӯъ мекунад. Рӯзи ҷумъа дар Берлин мулоқоти хайрбодии рӯбарӯи Имомуддин Сатторов бо вазири умури хориҷаи Олмон Френк Валтер-Штенмайер баргузр шуд. Чанд рӯз пеш аз ин ҳамчунин як гуфтугӯе бо президенти Олмон Иоаҳим Гауг барпо шуд. Дар ин гуфтугӯҳо аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон ситоиш шуд ва таъкид шуд, ки Берлин чун яке аз шарикони асосии Душанбе дар Иттиҳодияи Аврупо боқӣ мемонад. Изҳори умедворӣ шудааст, ки мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳам дар оянда густарадатар мешавад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Берлин Радиои Озодӣ аз Имомуддин Сатторов суол кард, ки аз кор дар симати нави сафири Тоҷикистон дар Маскав чӣ интизороте дорад?
  • Интизорот хеле зиёд аст. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ба ҳайси ду кишвари шарики стратегӣ дар сатҳи баланд қарор доранд. Мақсади мо боз ҳам беҳтар ривоҷу равнақ додани ин муносибатҳо аст, ҳалли масъалаҳое ҳам ҳаст, ки шояд то имрӯз ҳалношуда мондаанд. Кӯмак ба муҳоҷирон дар авлавияти кори мо хоҳад буд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳангоми имзои шартномаҳои дуҷониба пеш аз ҳама аз ҳуқуқи муҳоҷирон, аз шароит хуби кору зиндагӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳимоят кунем.


И.Сатторов гуфт, ки Тоҷикистону Русия аъзои чанд созмони байналмилалӣ Бо президенти Олмон Иоаҳим Гауг

Бо президенти Олмон Иоаҳим Гауг

ҳастанд ва ҳоло ҳукумат талош хоҳад кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон худро дар Русия бегона ҳис накунанд. “Муҳим аст, ки муносибат дӯстонаву бародарона бошад”, таъкид кард ӯ. Вай инчунин гуфт, ки бояд дар самти афзоиши маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам кор кард.

Ба саволи радиои Озодӣ оиди “то куҷо чолишбарангез будани кор дар масъулияти сафири Русия баъди таҷрибаи кор дар мақоми сафирии як давлати аврупоӣ?”, Сатторов чунин посух дод:
  • Русия барои ман давлати бегона нест. Ман донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм кардаам, дар он ҷо рисолаи номзадиамро ҳимоя кардаам. Вале, албатта, баъди 18-19 соли кор дар Олмон, байни кор дар Аврупову Русия тафовут зиёд аст. Русия ҳам дигар шуд, Тоҷикистон ҳам дигар шуд. Новобаста аз мушкилоте, ки мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ доштем, ҳамаи сохторҳои давлатдориро сохтем. Дар ҳамаи иттиҳоияҳое, ки мо бо Русия аъзои он ҳастем, Тоҷикистон як шарики баробарҳуқуқ аст.

Имомуддин Сатторов баъди хатми факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва ҳимояи рисолаи номзадӣ (соли 1991), дар донишгоҳи Бонн бо забономӯзӣ ва кори илмӣ машғул шудааст. Корро дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон аз соли 1995 ба ҳайси атташе шурӯъ карда то соли 2003 тадриҷан то вазифаи котиби аввали сафорат баланд шудааст. Соли 2003-2004 дар Франкфурт ба ҳайси намояндаи бонкҳои Тоҷикистон дар Олмон кор кардааст. Баъд муддате дар Душанбе дар вазифаи сардори раёсати таҳқиқоти стратегии вазорати умури хориҷа фаъолият карда, соли 2007 ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд. Бо як фармони президент аз моҳи маи соли 2014 сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG