Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Беларус


Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон пас аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 23-юми май хабар дод, ки "дар ин сафар президенти Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллозода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав, Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Маликшо Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд." Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Беларус дар ҳоле сурат мегирад, ки Александр Лукашенко, моҳи окятбри соли 2010 ба Тоҷикистон як сафари расмӣ анҷом дода буд. Дар пайи ин сафари расмии Александр Лукашенко, миёни Тоҷикистон ва Беларус 7 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG