Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳод Салим ба Барак Обама эътимоднома супурд


Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 21-уми май дар Қасри Сафед дар маросиме ба президенти ИМА Барак Обама эътимоднома супурд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май хабар доданд, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома, Фарҳод Салим суҳбати кӯтоҳ бо президенти ИМА анҷом дод. Зимни мусоҳиба, ба гуфтаи ин манбаъ, паём ва таманниёти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои амрикоияш Барак Обама расонида шудааст. Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 17-уми май бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мансаби сафири ин кишвар дар Амрико таъин шуда буд.
XS
SM
MD
LG