Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамла ба консулгарии Ҳиндро маҳкум кард


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳамла ба консулгарии Ҳинд дар шаҳри Ҳиротро, “ҳамла ба Афғонистону Ҳинд” ва манофеъи муштараки ду кишвар хонд. Ӯ дар ин бора баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо Нарендра Моди, нахуствазири тозаинтихоби Ҳинд сухан гуфт. Рӯзи 23-уми май афроди мусаллаҳ, аз ҷумла як бобмгузори маргталаб ба консулгарии Ҳинд дар шаҳри Ҳирот ҳамла карданд, вале маъмурони амниятӣ чаҳор нафари онҳо аз ҷумла бобмгузорро куштанд. Нахуствазири Ҳинд барои вокуниши зуди нерӯҳои афғон дар ин ҳодиса ба Ҳомиди Карзай ташаккур гуфтааст. Бино ба гузоришҳо дар ҳамла ду маъмури пулис ҷароҳат бардоштаанд, вале кормандони консулгарӣ осеб надидаанд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Давлати Ҳинд дар гузашта ин гуна ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатиаш дар Афғонистонро кори дасти Покистон хондааст.
XS
SM
MD
LG