Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмкунии даври дувуми кӯдакон бар зидди фалаҷшавӣ


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳафтаи равон даври дуюми эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакони синнашон аз 1 моҳа то 5-сола дар вилояту навоҳии кишвар гузаронида мешаванд. Фотима Ғоибова, масъули дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисону пизишкҳои вазорат дар шаҳраку навоҳии вилоятҳо алакай 638 ҳазору 216 нафар кӯдакро эм кардаанд, ки 57,1 дарсади шумори хурсолонеро дар бар мегирад, ки дар маъкракаи мазкур эм карда мешавад. Бар асоси барномаи эмкунӣ зидди бемории фалаҷшавӣ Вазорати тандурустӣ 1 117 179 кӯдаки аз як моҳа то 5-сола бо иммунизатсия ё эмкунӣ фаро гирифта мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар доираи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз 14 то 18 апрели соли 2014 даври якуми Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакони навзод ва то 5-сола дар саросари кишвар гузаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG