Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ дар қазияи ҳамла ба Ҳусайнӣ омили ҷиноиро ошкор накардааст


Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, дар қазияи ӯ дар Хоруғ омили ҷиноие ошкор накардаанд. Дар ин бора ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар дода гуфтааст, ки Додситонии кул дар ҷавоби аризаи Саидумар Ҳусайнӣ навиштааст, ки «Додситони кул дар пайи арзаи Ҳусайнӣ кормандони масъули дастгоҳи раиси ВМКБ, иштирокчиён ва шоҳидони муноқишаи рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Хоруғ рухдодаро пурсида аст». Аммо «аломатҳои таркиби ҷиноят» дар ин ғазия пайдо накардаанд ва аз ин сабаб парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 28-уми апрел барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва шарҳи паёми раиси ҷумҳур ба Хоруғ рафта буд, бо ҳамроҳонаш латтукӯб шудааст. Саидумар Ҳусайнӣ дар тамоси телефонӣ аз шаҳри Хоруғ ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, ки ҳамла ба онҳо чанд лаҳза қабл, замоне, ки мехостанд бо мардум вохӯрӣ намоянд, дар дафтари минтақавии ҳизб сурат гирифтааст. Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки ба онҳо ҳудуди 15 нафар, бо шумули ҷавонон ва занон ҳамла карда ронандаашонро сахт маҷрӯҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG