Пайвандҳои дастрасӣ

Демси: "Толибон фурсатро аз даст медиҳанд"


Як генерали амрикоӣ мегӯяд, Толибон бояд бо истифода аз фурсат ба музокироти сулҳ дар Афғонистон бипайванданд, то ба ҷанг дар ин кишвар хотима дода шавад. Мартин Демси, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 22-уми май ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, “мавқеъи Толибон дар музокирот на хуб, балки бадтар мешавад.” Мартин Демси дар ин бора баъди мулоқоташ бо фармондеҳони НАТО дар шаҳри Брюссел суҳбат кардааст. Дар ин мулоқот намояндагони НАТО идомаи маъмурияти паймон барои тарбияву тамрини сарбозони афғон баъди соли 2014-ро баррасӣ кардаанд. Қарор аст аксари нерӯҳои НАТО то охири имсол Афғонистонро тарк кунанд. Бо омодагии ин кишвар ба даври дуввуми раёсати ҷумҳурӣ Толибон ҳамлаву хунрезиро дар Афғонистон бештар кардаанд.
XS
SM
MD
LG