Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар форуми иқтисодӣ суханронӣ мекунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз 23-уми май дар форуми иқтисодии байналмилалӣ дар шаҳри Санкт Петербург суханронӣ мекунад. Дар форуме, ки раҳбарони даҳҳо ширкати ғарбӣ ба нишони эътироз аз ишғоли Қрим аз тарафи Русия аз ширкат дар он даст кашидаанд. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки ӯ назарашро дар бораи мушкилоти ҷаҳонии иқтисодӣ ва роҳҳои ислоҳи иқтисоди кишвар дар пасманзари “авзоъи мушкил дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ” баён хоҳад кард. Рӯзи 22-уми май Владимир Путин дар паёме ба ширкаткунандагони форуми иқтисодии Санкт Петербург гуфт, ки рушди саросарии ҷаҳонӣ танҳо дар сурате идома мекунад, ки ҷомеаи байналмилалӣ “дар як ҷабҳа боҳанд, ба манофеъи ҳамдигар эҳтиром бигузоранд ва робитаҳои созандаро, ки солҳо барқарор кардаанд, тақвият бахшанд.”
XS
SM
MD
LG