Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон. Камбуди китобҳои дарсӣ ва хатари маҳви мактабҳои тоҷикӣ


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикони Қирғизистон бо нигаронӣ аз норасогии китобҳои дарсӣ бо забони модарии худ мегӯянд, дар ҳоли таъмин накардани китобҳои дарсӣ эҳтимоли бастани мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд дорад.

Марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон мегӯянд, ки феълан барои хонандагони аз синфи 1 то 11-и мактабҳои тоҷикӣ ҳудуди 9 ҳазор китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ намерасад. Ба гуфтаи онҳо норасоии китобҳои дарсӣ ба баста шудани синфхонаҳои тоҷикӣ таҳдид мекунад.

Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони ба номи «Рӯдакӣ»-и Қирғизион рӯзи 23-юми май дар сҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ барои мактабҳо ва синфхонаҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон бисёр ҷиддӣ буда, кор ба ҷое кашидааст, ки тоҷикҳо дар вилояту шаҳрҳо бинобар камбуди китоби дарсӣ фарзандҳои худро ба мактабҳои қирғизию узбакӣ ва русӣ мебаранд.

Бо дарназардошти чунин вазъият марказҳои фарҳангии Қирғизистон тасмим гирифтаанд ба вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон муроҷиат кунанд то ба таъмини китобҳои дарсӣ дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон кунанд.

Зимнан як ҳайат аз вилояти Суғд дар авоили ҳамин ҳафта ба маҳаллаҳои мактабҳои тоҷикӣ ба Учқурғон, Анадарак, Ҳайдаркон ва дигар шаҳракҳои Қирғизистон сафар карда бо масъулони мактабҳои тоҷикӣ, ки гуфта мешавад, дар Қирғизистон се мактаби тоҷикӣ ва 6 синфхона вуҷуд дорад мулоқот кардаанд.

Ба гуфтаи ин намояндаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 9 ҳазор китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ аз синфи 1 то синфи 11 намерасад.

Дар ҳамин ҳол Комилшо Исоев, сардори раёсати чопи китобҳои дарсии Вазорати маорифи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат намояндагони марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон ба вазорати маориф муроҷиат карданд ва вазорат барои ҳалли ин мшкил нусхаҳои электронии китобҳои дарсии аз синфи 1 то 11-ро тариқи созмони СОРОС ба Қирғизистон фиристонид, ки аз рӯи нусхаҳо китоб чоп карда ба мактабҳои тоҷикӣ дода шавад.

Аммо тавре намояндагони маркази фарҳнгии тоҷикон мегӯянд, ин иқдом ҳамаҷониба амалӣ карда нашуд ва ҳамчунон норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон мушоҳида мешавад.

Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони ба номи «Рӯдакӣ»-и Қирғизион мегӯяд, ки ахиран сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо вазири таълиму парвариши ин кишвар мулоқот дошт ва дискҳои китобҳои тоҷикиро ба ӯ додааст, ки мавриди истифодқа қарор дода шавад. Вале тавре ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, тадрис бо шакли электронӣ барои хонандагон хушоянд нест ва ин иқдом низ масъаларо ҳал накардааст.

Қодиршоҳи Муравват меафзояд, ки ҳоло падару модари тоҷикҳо фарзандҳои худро ба мактабҳои русӣ ва қирғизию узбакӣ мебаранд, ки дар ин мактабҳо низ сатҳи таълим қонеъкунанада намебошад.

Вай гуфт, агар вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазорати таълиму парвариши Қирғизистон ин масъаларо ба зудӣ ҳал накунанд ҳам синфхонаҳо тоҷикӣ ва ҳам мактабҳо барҳам дода мешаванд.

Ба гуфтаи масъули Иттиҳодияи тоҷикон дар Қирғизистон, феълан дар он кишвар ҳамагӣ се мактаби пурра тоҷикӣ ва дар 6 мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ амал мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG