Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои 24-25-уми май бозиҳои даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Се бозии даври шашум рӯзи шанбе барпо мегардад. «Энергетик” (Душанбе) бо «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо “Хайр” (Ваҳдат) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бо «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) рақобат мекунанд.

Ду бозии дигари даври шашум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд) - ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан»(Кӯлоб) сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум
24-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17:00

«ЭНЕРГЕТИК» - «ВАХШ»
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ПАРВОЗ»
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

25-уми май, якшанбе
Оғози бозӣ - соати 17:00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
Оғози бозӣ - соати 18:00.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1.«Истиқлол» (Душанбе)541013-213
2.«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)540110-512
3.«Хайр» (Ваҳдат)531110-510
4.«Хуҷанд» (Хуҷанд)52214-58
5.«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)521210-67
6.«Равшан» (Кӯлоб)52037-136
7.«Энергетик» (Душанбе)51224-75
8.«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)51222-55
9.«Вахш» (Қӯрғонтеппа)51041-53
10.ССКА «Помир» (Душанбе)50142-101

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду - «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз») –3-тӯбӣ, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Индус ҲУСЕЙНОВ («Равшан») – 2-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG