Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Таиланд ҳукумат ба дасти низомиён гузашт


Фармондеҳи артиши Таиланд эълон кард, ки назорат бар ҳукуматро ба даст гирифтааст ва ҳукумати низомӣ ҷорӣ шудааст. Генерал Прают Чан-оча дар як муроҷиати телевизионӣ 22 май гуфт, артиш қудратро ба даст гирифтааст, то дар кишвар низомро барқарор ва ислоҳот анҷом диҳад.

Вай гуфт, ки эътирозгаронро низомиён аз майдонҳо меронанд ва кумиссиюне, ки низомиён 20 май ташкил карданд, раҳбарии кишварро дар ихтиёри худ мегирад.

Муроҷиати генерал Прают дар ҳоле пахш шуд, ки дар давоми ду рӯзи охир вай бо раҳбарони мухталифи мухолифон ва ҳукумат мулоқотҳо анҷом дод.

Генерал Прают гуфт, даромадани зимоми қудрат ба дасти низомиён маънои онро надорад, ки муносиботи Таиланд бо кишварҳои минтақа осеб хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG