Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Душанбе мехоҳад, дар навбати имсолаи Ҳаҷ ба нафарони фаъоли ҷамъиятӣ, ғолибони озмунҳо ва раисони маҳалҳо бартарӣ дода шавад.

Шаҳрдории Душанбе мехоҳад, дар навбати ҳаҷ ба онҳое бартарӣ дода шавад, ки бори аввал ба зиёрати Хонаи Худо мераванд, собиқадори кор, барандагони озмунҳои шаҳрӣ, сарони шӯроҳои маҳаллаву шаҳркаҳоянд ё дар корҳои ҷамъиятии пойтахт пешсафӣ нишон медиҳанд.

Интизор меравад, меъёрҳои наве, ки шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, навбати тӯлонии хоҳишмандони ҳаҷро коҳиш диҳад ва ҳавасмандии шаҳрвандонро ба умури иҷтимоии шаҳр бештар кунад.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе рӯзи 22-уми май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба хотири ҳавасманд кардани сокинони пойтахт барои ширкат дар корҳои ҷамъиятӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дастур дода аст, ки дар сафари «Ҳаҷ-2014» ба ин қабил афрод имтиёз дода шавад.

Шавкат Саидов.

Шавкат Саидов.

Ҷаноби Саидов афзуд: «Ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмунҳои касбӣ дар дилхоҳ соҳа баргузор мегардад, ки дар таҷлили Рӯзи пойтахт анҷом ёфта, аз ҷониби шаҳрдор ғолибон қадрддонӣ мешаванд. Ғолибони озмуни директори сол, муаллими сол, муррабии сол, роҳруби сол, хонаи беҳтарину шаҳраки беҳтарини сол ва монанди инҳо, ки тамоми таркиби иҷтимоии пойтахтро фаро мегирад имкон доранд дар зиёрати Хонаи Худо як қадам ба пеш равад. Ба ин гурӯҳи одамон дар «Ҳаҷ-2014» афзалият дода мешавад.»

Аммо бархе аз шаҳрвандаон мегӯяд, чунин имтиёз боиси боз ҳам ба дарозо кашидани навбати сафари онҳо мешавад.

Солеҳа Ятимова, сокини 50-солаи Душанбе, ки 3 сол инҷониб навбат мепояд, гуфт, эҳтимол дорад то ду соли дигар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардад, аммо акнун ба ин ҳисобҳои худ бовар надорад. Вай ташаббуси шаҳрдориро як амали нек медонад, аммо изофа мекунад, беҳтар аст, аз рӯйи чунин меъёрҳо ҷойҳои иловагӣ ҷудо кунанд ва навбати мавҷударо тағйир надиҳанд. Хонум Ятимова, ки қарор аст, бо маблағи аз муҳоҷират равонкардаи писараш ба ҳаҷ равад, аз он нигарон аст, дар ин панҷ соли интизорӣ қурби пули ҷамъовардаи ӯ гум мешавад ва ҳам дар сурати ворид шудани афроди нав ба навбат, мумкин аст, ба орзуи худ нарасад. Вай аз ин ҳам дар ҳарос аст, ки писараш аз Русия ихроҷ нашавад. Дар он сурат, бояд орзуи зиёдаи Хонаи Худро бояд фаромӯш кунад.

Аммо шаҳрвандони дигар мегӯянд, бартарӣ додан ба гуруҳҳое, ки шаҳрдорӣ пешниҳод кардааст, гапи нав набуда, чанд сол ба ин сӯ мақомоти марбута дар ташкили навбати ҳаҷ ин меъёрҳоро ба назар мегиранд.

Эҳсони Ҷалол, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки ду сол боз талош дорад, падарашро ба ҳаҷ фиристад, мегӯяд раҳбари ҳукумати Шаҳринав дастуре додаст, ки бино бар он, иддае аз сокиони ин ноҳия бидуни навбат ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб мешаванд.

Аммо ба қавли Эҳсон азбаски довталабон зиёданду саҳм кам, иддае аз раисони маҳалҳо ва ё нафарони имтиёздор аз ин дастур суистифода мекунанд. Вай меафзояд, дар ноҳияи онҳо наздики 7 ҳазор нафар дар навбати ҳаҷ истодаанд ва аз ин миён танҳо 70 нафари онҳо имсол имкони рафтанро доранд ва онҳо асосан шахсоне ҳастанд, ки пайвандонашон корманди мақомоти ноҳия буда, тавонистаанд, аз «имтиёз»-и додаи раиси ноҳия баҳравар шаванд: «Вақте муроҷиат кардем, ки навбати падарам кай мерасад, гуфтанд шояд пас аз ду соли дигар. Бинобар ин хостем падарам аз ҳисоби «имтиёз»-и раиси ноҳия равад. Чун дар ҳукумати ноҳия тағо надорем раҳбари бахши дини ноҳия гуфт, агар Кумитаи дин ба истиснои 70 ҷой боз барои сокинони фаъоли ноҳия ҷой ҷудо кунад, он гоҳ имкон дорад падарам имсол ё соли оянда ҳаҷ равад.»

Ҷаноби Ҷалол меафзояд, ки солҳои пеш ниҳодҳое буданд, ки хоҳишмандони ҳаҷро ба муддати се моҳ ба Арабистони Саудӣ мебуранд, то ҳам Ҳаҷҷи Акбар анҷом диҳанд ва ҳам Ҳаҷҷи Умра. Аммо ин ширкатҳо аз кор монда, ҳамаи умури марбут ба ҳаҷ ба дасти мақомоти давлатӣ гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки бино бар қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост.

Рӯҳониён ва ходимони дин низ мегӯянд, дастури нави шаҳрдор дар робита ба имтиёзи иддае аз зоирон бадӣ надорад, агар барои иҷрояш ҷойҳои иловагӣ таъсис дода шавад.
Зубайдуллоҳи Розиқ.

Зубайдуллоҳи Розиқ.

Зубайдуллои Розиқ, рӯҳонии тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски масоили марбут ба ҳаҷ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор аст, масъулони шаҳру ноҳияҳо дақиқ мекунанд, ки кӣ бояд ҳаҷ равад ва ба кӣ бояд имтиёз дода шавад. Аммо агар шаҳрдории Душанбе дар сурати набуди ҷойҳои иловагӣ дар як сол танҳо ба як нафар имтиёз диҳад чандон бадӣ надорад. Дар сурати набудани ҷойҳои иловагӣ боз агар ба чанд нафар имтиёз дода шавад, дар ин сурат ҳуқуқи дигарон поймол хоҳад гашт.

Масъала дар ҳоле доғ мешавад, ки солҳои пеш аз сабаби дароз будани навбати ҳаҷ ва гарон будани арзиши сафар ба Маккаву Мадина, зоирони тоҷик рӯ ба кишварҳои сеюм меоваранд. Ахиран расонаҳо аз фиреб хӯрдани 200 зоири тоҷик аз ҷониби тоҷирони қирғиз хабар доданд. Нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 3700 доллар буд ва арзиши «Ҳаҷ 2014» то ҳоли ҳозир муқаррар нагаштааст. Аммо аз сӯҳбат бо мусоҳибони мо маълум гардид барои зиёрати Ҳаҷ барои як нафар на камтар аз 5 ҳазор доллар лозим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG