Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони Қирғизистон 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро гиромӣ доштанд



Дар рустои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Ҷумҳурии Қирғизистон бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони ба номи Рӯдакӣ Равшан Собиров як ҳамоиши илмие бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст ба эҷодиёти ғании шоир ва мутафаккири шинохтаи тоҷик ва арзиши эҷодиёти ӯ аз нигоҳи имрӯз муроҷиат шудааст. Равшан Собиров дар як суханронии худ таъкид кард, ки эҷодиёти Ҷомӣ ва дигар равшанфикрони вассофи дӯстиву хирад имрӯз ҳам барои тақвияти равобити миёни кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон хизмат мекунад. Вай гуфт, ин нишаст баҳонаи хубест “барои сӯҳбат дар бораи нақши эҷодиёти Ҷомӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳам дар бораи дӯстии халқҳо ва роҳҳои мустаҳкам намудани давлатдорӣ дар Қирғизистон”. Дар ин нишаст, ки рӯзи 15 май баргузор шуд, академики Фарҳангистони улулми Қирғизистон Бектемир Мурзубраимов, котиби дуюми сафорати Тоҷикистон дар Бишкек Назар Холназаров, фиристодаи ҳукумати Қирғизистон дар Ботканд Ҷениш Раззоқов, ҳокими Қадамҷой Акрамалӣ Мадумаров ва раҳбари анҷумани тоҷикону форсизабонони “Пайванд” Ҳусниддин Ғафуров ва сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» Қодиршои Мурувват иштирок карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG