Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Помир» ва «Наврӯз» ба Сочи мераванд


Аз 26-ум то 30-юми май дар Сочи марҳилаи ниҳоии мусобиқаи кушодаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо бо номи «Оянда аз ту вобаста аст» баргузор мешавад.

22 дастаи зӯртарин аз Русия, Тоҷикистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ барои ҷоизаи аслӣ - сафар ба Лондон барои меҳмонӣ ба бошгоҳи футболи «Арсенал» мубориза мебарад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ду даста - "Помир"-и Душанбе (мактаб-интернати № 1) ва «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав (Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) - намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо «Оянда аз ту вобаста аст» барои бори даҳум барпо мегардад. Дар ин муддат дар ин мусобиқот беш аз 1300 даста ва 15 000 кӯдакон аз Русия, Абхазистон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат кардаанд.

Ташкилкунандагони мусобиқот ширкати «МегаФон», Иттиҳодияи футболи Русия, вазоратҳои варзиш ва маорифи Русия, инчунин, Бунёди хайриявии «Футбол - ба кӯдакон» мебошанд.

Ташкилкунандагони мусобиқот барои ширкаткунандагони марҳилаи ниҳоӣ барномаи шавқовару дилхушкунанда: шоми шиносоӣ дар соҳили баҳр бо озмунҳои рангину ҷоизаҳо, мастер-класс аз ситораҳои футбол, дарсҳои фристайли футбол аз рекордсмени ҷаҳон Виктор Сарёв, сафари ҷолиб ба делфинарийи шаҳри Сочи ва ғайра пешкаш мекунанд.
XS
SM
MD
LG