Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргириҳо 9 корманди амниятӣ кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо, дар даргириҳои шаби гузашта бо нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар шарқи Украина 8 нафар кормандони амниятии Украина кушта, 18 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Манобеи амниятии Украина мегӯянд, ки ин даргириҳо дар 20 километрии ҷануби шаҳри Донетск дар маҳале бо номи Волноваха рух додааст. Чунин даргирӣ бо нируҳои Украина дар минтақаи Луҳанск низ рух додааст, вале дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дар даст нест.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Русия мегӯяд, чанд қатори ҳомили аслиҳаву муҳимот барои нируҳо аз шаҳрҳои марзӣ бо Украина, яъне аз Белгород, Брянск ва Ростов дар чаҳорчӯбаи фаро хондани нируҳои Русия аз марз баргаштаанд.

НАТО мегӯяд, ки Русия дар марз бо Украина тақрибан 40 ҳазор ниру мустақар кардааст ва то ҳол бозгашти дастаҷамъонаи ин нируҳо мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG