Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден аз Қибрис боздид мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Қибрис (Кипр) боздид мекунад ва ба маъракаи мутмаин сохтани раҳбарони минтақаӣ идома медиҳад, то онҳо аз мавзеъгирии Вашингтон бар зидди фаъолиятҳои Русия дар Украина ҳимоят кунанд.

Байден дар ҷараёни ин боздид қарордодҳои энержиро ташвиқ мекунад, то пойбандии Аврупо ба гази Русия камтар шавад. Вай 21 май гуфт, “мо бояд бовар ҳосил кунем, ки Русия дигар наметавонад манобеи энержии худро чун аслиҳа бар зидди кишварҳои минтақа истифода кунад”.

Интизор меравад, ки дар Никосия-пойтахти Қибрис Байден таҳримҳои Ғарб бар зидди Русияро барои нақшаш дар Украина матраҳ кунад. Ин масъала дар Қибрис ҳассос ба назар мерасад, чун Русия дар бонкҳои Қибрис миллиардҳо долларро нигаҳдорӣ мекунад.

Байден ҳамчунин аз мақомоти Қибрис хоҳад хост, ки барои якҷо шудани Қибриси ҷунубӣ ва шимолӣ дар даври нави музокирот ширкат ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG