Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 футболбоз ҷазо гирифт


 Мирзобек Мирзоев
Мирзобек Мирзоев

Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сабаби бадахлоқӣ 8 футболбозро ҷарима ва аз чанд бозии дигар маҳрум кард. Ҳамчунин 3 доварро ҷарима карданд.

Мирзобек Мирзоев ва Баҳодур Шарифов, бозигарони тими «Хайр»-и Ваҳдат, аз се бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маҳрум шуданд.

Ин тасмим рӯзи 21-уми май дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.

Мирзобек Мирзоев ва Баҳодур Шарифов, ки дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар рӯзи 18-уми май байни дастаҳои «Хайр» ва «Вахш»-и Қӯғонтеппа рақибашонро бо пой задаанд, ҳар кадом аз се бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Инчунин Улуғбек Абдулхайров, бозигари «Вахш», барои бадахлоқӣ аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Орзу Додхудоев, бозигари дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва Абдурасул Абдураҳмонов, бозигари «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ин ду даста рӯзи 18-уми май дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақибро бадқасдона бо пой задаанд, ҳар кадом аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд.

Ҷамолиддин Зардиев, бозигари «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Бахтиёр Чориев, бозигари «Энергетик”-и Душанбе, ки дар бозии байни ин дастаҳо рӯзи 17-уми май дар Хуҷанд ба рӯйи рақибашон кӯшиши зарба заданро кардаанд, аз 2 бозӣ маҳрум ва 200 сомонӣ ҷарима шуданд.

Муҳаммад Абдураҳмонов, бозигари «Ҳосилот»-и Фархор, ки 20-уми май дар бозии мусобиқаи минтақавии лигаи аввал байни «Ҳосилот» ва «Нури Норак»-и Норак сардоварро таҳқир кардааст, аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Инчунин бо қарори шӯъбаи доварони ФФТ сардовари бозии «Хайр» - «Вахш» Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ва ёваронаш Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор) ва Рустам Хоҷаев (Қабодиён) барои он ки ба футболбозон ҷиҳати пешгирии бадахлоқӣ чораҳои зарурӣ надидаанд, ҳамчунин, рӯпӯш кардани ҳодисаи рухдода ва дар протоколи бозӣ қайд накардани он муҷозот шуданд. Дадобоев то охири давраи аввали мусобиқот аз ҳаққи хидмат дар бозиҳои дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳрум шуд. Нарзуллоев ва Хоҷаев бошанд, аз ҳаққи доварӣ дар як бозӣ маҳрум гардиданд.
XS
SM
MD
LG