Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри Путин барои ақибнишинии нерӯҳо аз марзи Украина


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, амр додааст, ки нерӯҳои кишвараш аз марзи Украина ақиб кашида шаванд, то “шароити мусоид” барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Украина фароҳам ояд. Мақомоти ин кишвар қаблан гуфтанд, ки нерӯҳои Русия аз марз 10 километр дур рафтаанд, вале ихроҷи комили онҳо аз сарҳад дида нашудааст. Ҷон Макю, як мақоми баландрутбаи ғайринизомии артиши Амрико гуфт, ақибнишинии нерӯҳои Русия дар марз мушоҳида шудааст, аммо на ҳамаи онҳо аз марз дур рафтаанд. Владимир Путин дар шаҳри Шанхайи Чин гуфт, онҳое, ки ихроҷи комили нерӯҳои Русия аз марзи Украинаро надидаанд, бояд “дурусттар нигоҳ кунанд”. Ба тахмини НАТО, Русия дар марзи Украина тақрибан 40 ҳазор сарбозашро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG